Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо аз рӯи расми дерина ҳама ташаббус ба дасти хонадони домод буда, тарафи духтар ба ҷуз интизорӣ чораи дигар надошт.

  1. Хешовандон

Занҷир ба шаҳр омада, дар корхонаи атласбофӣ ба кор шурӯъ карду дар хобгоҳи коргарон иқомат гузид.
То вақте ки ба кор таъинот гирифт ва дар хобгоҳ соҳиби як кат гашт, ӯ басо овора буд, саргардон гашт, баъзан аз дарди ноумедиҳо гирьяҳо карду ашкҳо бирехт.
Хайрияти кор, пор як гурӯҳ духтарони фабрика дар колхози онон пахта чида буданду Занҷир бо Ирина шиносо ва каме қарин гашта буд. Ҳамон рӯзи ташвишу изтиробаш Занҷир ба умеди Ирина ба шаҳр омада саҳв накард. Агар Ирина намебуд... вай дар тасаввур овардан наметавонист, ки ҳолаш чи буд...
Ҳоло Занҷир аз дур, баъди якуним сол ба он ҳодисаи нохуш бешак аз манзари дигаре назар меафканд ва пеш аз ҳама қасди худкушии худро сирф аҳмақӣ меҳисобид ва аз хиҷолати он соддалавҳиаш буд, ки он рӯзҳоро дигар ба ёд овардан намехост.
Занҷир аз деҳа ба баҳонаи таҳсили илм рафт.
Сараввал ҳамон шаб оқибати ин ҳодисаро андешида, ба ҳадде алам кашид, ки ба ҷони худ қасд карду бо ҳамин ният наздиконашро видоъ намуд. Модарашро, бибиашро, хоҳаракону додараконашро бо ҳар баҳона оғӯш гирифту бӯсид, ба падар навозишу меҳрубонӣ

пешина
аз 538
навбатӣ