Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд падар ва хешовандон ҳамаи донишгоҳҳои шаҳрро кофта, ӯро наёфтаанд, аз милиция имдод хостаанд, милиция ҳам ӯро дарьёб накардаст. Ҳар шаб дар ҳавлӣ хешу табор ғун омада, ҳазор хел гумону тахмин мезадаанд, нақшаи ҷустуҷӯ мекашидаанд. Ҳавлӣ гӯё мотамсаро будаст.
Дар ин миён нобакории Бадалбек дар деҳа овоза гирифта, падару модар аз алам даргирифтаанд. Дар сари ҳамин сӯзу гудоз талвоса доштаанд, ки мактуби вай расидаст. Сиҳату саломат буданашро фаҳмида, аз худо ҳазор бор шукр кардаанд. Дар атласбофӣ кор карданашро шунида, модари бемор гуфтаст: «Ақлакатба гардам, хуб кардӣ. Аз дидани рӯи ҳамин нокасон бадтар азоби ҷаҳаннам нест. Хайр, худои одилу ҷаббор оҳи бандагонаша мешунидагист».
Занҷир пеши назар меовард, ки рӯзи дигари ин воқеа агар дар деҳа мебуд, чӣ валвалаеро гувоҳ мешуд:
«Бадалбек духтари Имомалира ба хилватхонааш дароварда, зурӣ карданӣ шудаст, аммо духтар фарьёд баровардаст, посбонони ферма даромада, духтарро аз оғӯши маст халос кардаанд» мегуфтанд. Агар аз рӯи инсоф эзоҳ диданд, тахминан ҳамин тариқ, вагарна муболиғааш катӣ... Э,- е, худо ҳар духтарро аз забони ин халқ эмин дорад. Дар ҳамаи хонаводаҳои колхози калон, балки деҳаҳои дуру наздик ҳамин гап, ҳамин валвала.
Баъд ҳама ба сӯи ӯ бо нафрат менигаранд, ба ношиносҳо ангушт катӣ нишон дода, шиносо мекунанд, баъзе ҷавонону мардони фач дар кӯча ба вай ҳар хел гап

пешина
аз 538
навбатӣ