Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мепартоянд, духтарон аз ӯ худро дур мекашанд, қадами хостгорон яку якбора аз ҳавлии онҳо канда мешавад, вай монанди Хосият, боз ана, вай номаш чӣ буд, духтари раиси ҷамоат барин чашм ба раҳи хостгор пирдухтар мегардаду дар ҳавлии додош шумрӯй шуда мешинад.
Духтари маюбу маслух, кӯру карро ба занӣ мегиранд, аммо бадномро не. Даҳони мардум бад аст, шавҳари ин хел арӯс ба ягон кас аз бинӣ боло гап занад, номаълум пичингаш мезананд, номардҳо ошкоро: «Э, ту ҳам гап зан! Зан наёфта, духтари аз бағали фалонӣ хестагиро зан карда гаштаӣ, боз ба кадом рӯй даҳанкалонӣ дорӣ?!
Нангу номус чӣ чиз аст, ту ҳам медонӣ?» гӯён таъна мекунанд. Ана, аз ҳамин сабаб он ду духтари бечора 28—30 сола шуданду сонӣ шавҳар карданд. Ночор ба мардоне, ки як хона-як хона бача доштанду дигар занҳо ба онҳо нарасиданд, зан шуданд. Якеаш ҳасрат кардааст, ки шавҳараш сари ҳар кор таъна мекунад, пичинги талху тунд доим дар забонаш, аз тарс бечора ба кӯча нигариста наметавонистаст. Аз ин хел зиндагӣ мурдан авлотар аст. Дар ҳама боб, дар ҳама кор духтар барои сафед кардани худ сухан гуфта метавонад, аммо дар ин бобат ҳеҷ кас ӯро намепурсад, магар ки падару модараш. Онҳо чӣ кор карда метавонанд?.. Нокас, рӯзи равшанро набинӣ, ба бахту саодати ман зомин шудӣ!..
Нағз медидаст... «Хоҳу нохоҳ ту зани ман мешавӣ, дониста гап зану кор кун», гуфт дар охир аз қафоям расида. Ба ҳамон мерасидаам!... Девона...»
Шаҳбози гумону шубҳаҳои мардуми деҳа ин бор чунон баланд парвоз гирифтаст, ки аксари мардум ба дурустӣ ҳақиқати ҳолро баъди муддатҳо гузашта, пасанда гаштани хаёлбофиҳои ботил ва пиндоштҳои беҳосил таъин кардаанд.

пешина
аз 538
навбатӣ