Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
сабукие ҳис мекард. Ман ба майли хотир қадам мезадам…
Ҳодисаи дар ин лаҳза рўйдодаро равшан дар хотир надорам. Ҳамааш дар якчанд сония, не-не, дар як миҷа задан содир шуд. Чунон тез рух зада гузашт, ки дар лавҳи хотири ман ҳанўз ҳам монанди хобе ё хаёле норавшан, гуё аз паси пардае хира ва меғолуд менамояд.
Суроби одами масти калаванда ва мошине, ки рост ба сари вай меомад, дар ёд мондаасту бас. Сонӣ зарбаи сахте, ки аз он маро гўё хоб даррабуд... Сипас ёд дорам, баҳушу беҳуш бархоста, қадаме мондам ё не... чароғҳо давр заданд ва ман гўё ба чоҳи бетаге фурў рафтам...
Сонӣ худро дар хараки сари роҳ дидам, ки ду-се нафар аз бағалам дошта, мешинонданд. Милитсионер одамонро пароканда мекард.
- ДАРОЗИИ ШАБРО АЗ БЕМОР ПУРС
Даруни мошини «Ёрии фаврӣ» ман комилан ба худ омадам, яъне чарх задани сар ва тумани пеши чашмам бартараф шуд. Аз ҷоям бархеста нишастанӣ шудам, аммо ҳамшираи шафқате, ки дар паҳлўям менишаст, амр кард, ки наҷунбида, ором хоб кунам. Сарам докапеч, дасти ростамро то ба гардан тахтабанди симин фишурда буд. Хайрият, гуфтам худ ба худ, зиндаам.
Оҳиста дасту по, сонӣ миёнамро ҷунбонда дидам, ба назарам, ҳама ҷоям дуруст барин, фақат гўшам садо медод, дилам беҳузур буд. Аммо ин ҳам кам-кам бартараф мегашт. Ҳодисаи руйдодаро мулоҳиза кардаму хотирҷамъ шудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо