Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баъди муоинаи фаврии духтурҳои бемористон дарҳол сўзанзанию доругузаронӣ сар шуд. Хулласи калом, дар давоми ним соат ман аз як ҷавони хушҳоли беғам ба бемори бистарӣ табдил ёфтам.
Ҳамон шаб, аз таъсири дору бошад ё зарбу лат, ҳеҷ чизро фикр накарда, хобам бурдааст.
Рўзи дигар ҳам карахт хобидам, аммо дардамро ҳис мекардам. Бештар рўҳан азоб мекашидам, ба атрофам беалоқа ва дилсард менигаристам. Ба ҳолҷўии ҳамхонаҳо лабамро ҷунбонда мемондаму бас. Чандон дарди сахт ҳам набуд, асосан сарам сўзан задагӣ барин ҷиз-ҷиз мекард. Аз афташ, захми дастам чандон хавфнок нест, ки духтурҳо бештар бо сарам овора.
Ҳама чиз маро оташин мекард. Узвҳои озурдаи баданамро бепарво даст-даст кардани духтур, аз саҳар то шом вақар-вақар беҳудагўии ду нафар ҳамхонаам, дам ба дам ба сарам омада, ҳолҷўӣ кардани ҳамшираи шафқат - Ина - ҳамааш ба ман намефорид. Ҳатто ба ман чунин менамуд, ки Ина барои ҳолҷўии ман не, балки барои бо ҳамхонаҳои ман лаққидан тез-тез меояд. Гоҳе оташин мешудам, ки духтурҳо ба ман дуруст эътибор намедиҳанд. Аксар ҳангом бо ҷойпўш сарамро пўшида, гўшҳоямро бо ду даст руст карда, соатҳои дароз наҷунбида «мехобидам».
Ба ёдам омад, ки дар пуштораам ҳезум аз кўҳ ба поён ғелон шуда, поямро шикаста будам. Дар синфи нуҳўм мехондам. Охирҳои зимистон буд. Ҳамроҳи писари амакам Рустам ба кўҳ барои ҳезум рафтем. Харҳоро дар поён монда, ба кўҳ баромадему аз шоху кундаи бодому арчаҳои хушкида як харӣ ҳезум тайёр кардем. Ман нисфи ҳезумро сахтакак баста, нўги арғамчинро аз зери

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо