Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Карнай»
гуфта он кас меъдаю рўдаҳоро дар назар доштанд.
Бетобро як шабонарўз намак чашидан намонда, хоб кун, мегуфтанду сонӣ як коса пиёбаи тунук оварда, гармогарм мехўронданд. Баъд мефармуданд, ки болояшро дам карда, хоб кунад. Сиҳат шуда мехестем.
Имрўз Ина докапечи сарамро дуруст карду гуфт:
– Фардо кушода, аз нав мебандем. Духтур мебинанд.
Ҳеҷ гап не, безиён, – сипас ба сару рўям як чашм давонду пурсид: – Гуфтанд, ки як одами маста аз таги мошин мегирам, гўён афтодаед? – вай бо савол ба ман нигарист. Ман ба ҷои ҷавоб даст афшондам. Ина ба авзои ман эътиборе накарда гап мезад: – Вай ҳамроҳатон буд?
– Не-е... ҳамту, дар миёни раҳ пайдо шуд.
– Ба студентон таътил-ку, шумо нарафтед?
– Ман тамом кардам. Акнун ба кор.
– Ҳа-а.
Ба ҳар ҳол институтро тамом карданам воқеаи хеле таъсирбахш барин. Ина ҳам саросема шуда ба назарам, оҳанги суханаш ҳам каме дигархелтар садо медиҳад.
– Ба кор таъин шудед?
– Ҳа.
– Ба куҷо?
– Ба куҷо? – чӣ ҷавоб доданамро надониста, саволро гашта пурсидам. – Дар ҳамин шаҳр мондам.
– Ҳамин сол кор кунам кифоя, ман ҳам ба институти тиббӣ даромаданӣ.
– Нағз. Таҷриба доред ба шумо осон мешавад.
Бегоҳӣ Ҷаводзодаю Оқилов шалғамшўрбо хўрданд.
Бўи шалғами пухта хонаро гирифт. Ба ман ҳам

пешина
аз 538
навбатӣ