Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
хўронданӣ шуданд, аммо рад кардам. Бўи шалғам хотираи солҳои дури бачагиро бедор карду ҷойпўшро ба сар кашидам. Солҳои ҷанг, айёми бачагиам ба ёд омад.
Ғалла танқис буд. Ҷавро даравида, ба ҷояш сабзӣ ё шалғам мекоридем. Зимистон ба қўри оташдон шалғам гўр карда мепухтем. Азбаски он солҳо аксар пойлуч, сару тани дуруст надоштем, фасли сармо аз сулфа нафасгир мешудем. Ба сулфа дору гўён очаам шалғам пухта медоданд. Шалғами беравған пухтагӣ маза надошт.
Ина омада ба ман дору гузаронд. Баъди як-ду сухани беаҳамият, ки байни мо радду бадал шуд, вай пурсид:
– Хабаргирӣ наомаданд? Ё ҳеҷ кас нест?
– Хешу табор нест. Ҷўраҳо ҳам тамом карда рафтанд.
Баъзе дар таътил...
«Боз як кас ҳаст, аммо аз бемориам хабар надорад»
гуфтанӣ шудаму аммо худдорӣ кардам. Ду-серўза шинос дарҳол ба аёдати ман меомадаст! Умуман, як ман ҳам не, аксари мо ҷавонон камтар хаёлпарастем. Орзую ҳавасамонро гоҳе аз имконияту воқеият фарқ намекунем. Ина боз чизе пурсидан хост, аммо аз Ҷаводзодаю Оқилов, ки аз қадду басти ў чашм намеканданд, шарм дошт. Рўи гулгунаш бо гиребони гули оташи куртаи атлас ва хилъати сафед ҷанг мекард.
Вай доруро гузаронда, бо табассуми хиҷолатомез лаб газида, оҳиста баромада рафт. Ҳар се аз пасаш нигариста мондем. Вай аз нигоҳҳои мо шарм дошт. Чӣ шуд, ки диққати ҳар се ҳам ин бор ба ҷониби вай ҷалб шуд.
– Баҳори умраш... Чӣ мехўрам гуфта ғам нахўрад, чӣ мепўшам, гўён ташвиш накашад... – ғусса мехўрданд Ҷаводзода.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо