Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба дуои бади падару модар гирифтор нашавед.
Одам дар дунё рўзи равшан надида меравад,– гуфт вай бо андўҳ, гўё ман ҳозир ўро бо худ гирифта мерафтагӣ бошам.
– Ба ҳамин гапҳо бовар мекунед? – хандидам ман.
– Бовар накарда ҳам бинед. Ба рўи дадаю оча давидагиҳоро дидем-дия... Э, шумо ҳам чира медонед, фақат хондан қатӣ овора.
– Хайр, ин хел бошад, падаратонро розӣ кунед,
– Ҳунаратон бошад, шумо розӣ кунед.
Ҳарду ба чашми якдигар нигариста, ба бечорагиамон табассум мекунем. Аммо дар таги дили ман оташи умеди номаълуме пинҳон аст. Аз чӣ бошад дилпурам, боварӣ дорам, ки агар Рухсора аз ман рӯй натобад, чораи ин мушкил ёфт мешавад.
– Як бача аз мо ба шаҳр омада хонду аз ҳамин ҷо як духтара бурд. Тўяш ҳам калон нашуд. Хайр, дар шаҳр тўй додагист, гуфтанд. Сонитар фаҳмидем, ки дадаю очаи духтар розӣ набудааст вай худсарӣ карда, ба ин бача расидаст. Дадаю очааш ягон бор диданӣ наомаданд. Хайр, ду сол барин ҳар ду хонаю дар карданд, як духтарча ёфтанд. Арўси нағзакак... Аммо ситорааш бо модари шавҳараш ҳеҷ рост наомад...
Очаатон дуои бад кунад, ҳеҷ гап не, шираш мегардондаст, аммо агар дада дуои бад кунад, одам берўзӣ мешавад, – гуфт вай ва бо андўҳ оҳ кашид.
– Ба меҳнати муаллимон ҳайфам меояд, – ба нишони маломат сар ҷунбондам ман. – Дар дилатон ҳам ин қадар ҳурофот... тавба... Ин гапро дар назди дигарон нагўед, ки механданд... Дар байни садҳо дилдодаҳо якта нимта бе дуои падару модар ҳам саҳв мекунанд. Ба

пешина
аз 538
навбатӣ