Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инобат нигаред... ана, аз вай ибрат гиред. Бинед, чӣ хел
духтар...
– Инобат маъқул бошанд, равед...
– Гап зану муомила шунав, – гуфтам ман
ранҷидахотир.
– Ман ба шумо Манучеҳр барин шавед, нагуфтаамку! – бидиррас заду бо итоб димоғ тоб дода, аз ман
рўяшро гардонд.
Ба миён хомўшие, ки одатан баъди гапгузаронӣ ва
андаке озурдагӣ меафтад, афтод ва хеле тўл ёфт.
– Хўш, ман коре карда, падаратонро розӣ карданам
даркор, фаҳмидам, – гуфтам ман оқибат муросоҷўёна.
Вай дар ҳолате, ки пушташ ба ман буд, табассум кард. –
Лекин ба як шарт: шумо ба ман ёрӣ медиҳед.
– Чӣ хел ёрӣ? – рўяшро ба тарафи ман нагардонда
пурсид.
– Вақташ расад, мегўям. – Сонӣ, нимшўхию нимҷиддӣ
гуфтам: – Эҳ, агар ҳозир даҳ ҳазор сўм пул медоштам.
Худам рост ба пеши дадаатон мерафтам.
– Эҳ-ҳа-а! Хобатона ба об гўед! Дадаи ман қалин
гуфта намурдаанд. Агар қалин гирифтанӣ мебуданд, ба
хондан намефиристоданд. Чунон пул мерехтагиҳо буд…
Ба хонаводаи нағз, ба ҷавони бамаънӣ доданианд.
Шуморо кай медонанд, – нигоҳи лоқайди вай ба нуқтаи
номаълуме дўхта шуд ва ё чашмашро раҳ бурд, маълум
набуд.
– Ин хел бошад, чӣ тавр худамро ба онҳо маъқул
кунам? Худам равам, айб аст. Ё дадаам рафта, писари
ман бачаи бамаънӣ гўянд?
– Мазоҳ накунед, – гуфт вай ҳам он аз роҳ чашм
наканда.

пешина
аз 538
навбатӣ