Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баргеро дар банди зулфаш андармон дидаму даст дароз кардам, ки онро бигирам, вай бо ҳарос як қад парида, аз ҷояш хест.
– Боз ин чӣ гап? Маст-паст-ку нестед? Ман узр гуфта, фаҳмондам, ки барги хушкро аз мўяш гирифтанӣ будам.
Сонӣ, ҳар ду чӣ гуна якбора оҳубара барин ҷаҳидани ўро муҳокима карда, бо завқ хандидем.
- АҶАБ СИРУ САВДОҲО
Бо шавқи дил ба кор сар кардам. Ба машғулиятҳои семинарӣ пухта тайёрӣ медидам, кўшиш мекардам, ки донишҷўён аз ман қаноатманд бошанд. Аксарияти шогирдон ташнаи илм, толиби ҷустуҷў ва бозёфт буданд. Баъзан сухан мегуфтаму дар нигоҳи онҳо ифодаи ҳамфикрӣ ва шавқу рағбатро дида, ба ваҷҳ меомадам. Кўшиш мекардам, ки машғулият ҳамеша пурмазмун ва шавқовар гузарад. Далелҳои бисёр, санаду ном ва иқтибосҳоро аз ёд гуфтанам, ба шогирдон таъсир мекард, зеҳнашонро ковиш дода, илҳом мебахшид. Онҳо ба рағбат омада, китобҳои гуногунеро, ки ман аз онҳо нақл мекардам, ҷуста меёфтанд, мехонданд. Рости гап, ман аз ин фан дар имтиҳон баҳои аъло гирифта бошам ҳам, нимкора бохабар будааму бас. Акнун дар давоми тайёрӣ ба дарс ман ба таври бояду шояд ин фанро омўхтам. Ҳоло шогирдон ҳам дигар хел. Якчанд сол пеш аз ин ба илми растанишиносӣ шавқмандон зиёд набуданд. Беҳтарин шогирдони мактабҳои миёна ба факултетҳои гуманитарӣ, техникӣ ва тиббӣ мерафтанд.
Илми биология он эътибореро, ки дар асри гузашта, баъди кашфиёти бузурги Луи Пастер ва Роберт Кох

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор