Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Боз масхарабозӣ сар шуд! Ман шуморо духтари дуруст гӯям... Ба шумо ин хел нағма намезебад. Вазнину ботамкин бошед.
— Рафиқ иқтисодчӣ, аз ман наранҷед, ман ҳам гумон кардам, ки ҳазл мекунед. Охир, одами ҷиддӣ ба хонаи духтарон чӣ кор дорад?
— Ман ҷиддан мегӯям: хобгоҳ ба шумо мувофиқ не.
Шумо шароити шаҳри моро намедонед, санги шуморо паст мезанад.
— Бубахшед, ман аз шумо маслиҳат напурсидаам.
Ман кӯрмуш барин дар як хилвати танг нафасгир намешинам. Ҳозир — хобгоҳ, дугонаҳо... Медонед, баъзан аз тиреза ба сари ҷавонҳои раҳгузаре, ки гап мепартоянду шилқинӣ мекунанд, оби ҷӯш пошида, меронем.
— Боз сар шуд. Ин хел масхарабозӣ ба духтари тоҷик намезебад. Ана, таъсири хобгоҳ! Шумо нуқтаи назари шаҳриёнро намедонед. Хобгоҳ дар назари онҳо... хайр, ҷои хуб не.
— Нуқтаю вергули шаҳриҳо барои худашон, ман нуқтаю вергули худамро медонам, — худро ба гӯлӣ мезаду ӯро мазоҳ мекард Занҷир ва аз ин кори худ ба дил завқ дошт.
Падару модари Кабир аслан, духтарони илмдида ё аврупоипӯшро арӯс кардан намехостанд, вале барои ба духтарони хонагӣ талабгорӣ кардан алҳол сармоя надоштанд. Одатан, падару модари ин қабил духтарон аз домод харҷи зиёд талаб мекарданд, риояи расми онҳо кори осон набуд. Бинобар он, Кабир ният дошт ду-се сол дар фабрика кор карда, маблағи заруриро ғундошта, сонӣ хонадор шавад.

пешина
аз 538
навбатӣ