Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Аслан, агар духтари хондагии аз хонаводаи баэътибор бошад, Кабир илоҷе карда, волидайнашро розӣ мекард, аммо ин хел духтар ҳам ба вай даст надода буд. Чун дар фабрика Занҷир пайдо шуд, занҳои ҳаммаҳалла, ки аз вазъи ҳоли хонаводаи ӯ огоҳӣ доштанд, бо як овоз ба вай гуфтанд: «Кабир, ҳамин духтара аз даст надеҳ. Бе қалин, бе хароҷоти зиёд муфт зандор мешавӣ. Ин хел духтари хӯшрую боз чашму рӯяш бастагиро агар аз дасти падару модараш гирифтан хоҳӣ, камаш даҳ ҳазор сӯм харҷ мекунӣ».
Занҳо ин фикрро ба модари Кабир ҳам маслиҳат доданд ва волидайн ба Кабир аз ин хусус ишорае карданду ҷавон аз паи тасхири дили Занҷир шуд. Бо илқои ин занон Кабир рӯз аз рӯз дар ишқи Занҷир сахттар гирифтор мегашт.
Аз занҳои ҳамкораш — холаи Барфӣ ҳар боре фурсат даст диҳаду Занҷирро танҳо дучор кунад, аз боби хосияту фазилатҳои Кабир ва хонаводаи ӯ ҳикоят оғоз мекарду дар фуроварди сухан маҳрамона, бо овози пасттар, ки Занҷир ба зӯр мешунид, мегуфт:
— Барои ту домоди мувофиқ аст, пушаймон намешавӣ, ҳамин ҷавона аз даст надеҳ духтарҷон.
— Барои ман? — Занҷир бар асари шарму ҳаё то буни гӯшаш сурх мешуд. Сонӣ аз сари ғурур мегуфт: — Безорам аз шавҳар. Ман шӯ кофта наомадаам. Аз бобати шавҳар ихтиёрам ба дасти падару модар аст.
Аммо холаи Барфӣ, ки гарму сарди зиндагиро басо озмуда буд, пай мебурд, ки суханаш ба духтар таъсир мекунад ва ин ҷавоби ӯ барои пинҳон доштани майлу рағбати духтари соддадил пардае беш нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё