Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Мехостам, ки зудтар аз ин мардум ва ин ҷойҳо дур равам.
Дар кабина нишаста, ба пахтазори хазоншудаи сиёҳчатоб, ки ҳар як ваҷабаш ба ман ошно буд, назар мекардам. Рухсора дар ин ҷойҳо пахта мечид...
Рухсораро партофта, ба куҷо ҳам меравам! Бигирам, ки муваққат бошад ҳам аз ин ҷойҳо меравам, аз дидори ин одамон мегурезам, аммо аз шиканҷаи виҷдон, аз нигоҳи пурмаломати Рухсора, Манучеҳр, Инобат, аз таассуф ва дареғгўии Ҷўразода ба куҷо гурехта, наҷот меёбам? Не, одам аз худаш гурехта наметавонад... Ман дар гирдоби фикрҳои муғлақ, дарҳам - барҳам ва парешон ғарқ будам. Гоҳе худ ба худ мегуфтам: бас аст, лаганди ман аз бом афтид, дигар ҷаҳдам ба ҷое намерасад. Сарамро гирифта ба ягон тараф меравам.
Дигар рўям нест, ки ба чашми одамон нигоҳ кунам.
Худам гунаҳкор, худам гумроҳи бебарор, ҳарзахаёли ношуд. Меравам, дигар илоҷ нест, меравам!
-
АНДЕШАҲОИ РОҲИ ЗИНДАГӢ
Дар синну соли ман баъзе ҷавонон дар ҷамъият мавқею мақоми муайянеро соҳиб мешаванд. Аммо аксар ҳанўз ба ҷое нарасида бошанд ҳам, бо умед, дилпур аз фардо зиндагӣ мекунанд, боварии комил доранд, ки ба ҳамаи мақсадҳои аниқу ноаниқи худ мерасанд. Бахту толеъ дар назари онҳо ба аспи бодпое монанд аст, ки ба ҳар як кас як навбат мерасад. Даврат, ки расид, метозӣ!
Чунон ки мегўянд, асп ёбию дашт ёбию натозӣ, гунаҳгор
- худат... Ҳоло ба ман чунин менамояд, ки навбати асптозиам расид, аммо ба корҳои муҳимтаре саргарм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор