Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
будам, бинобар он, асп ҳанўз резачорпо накарда зуд фуромадаму навбатро гузарондам... Ду моҳ пештар ман чунон пуркор будам, ки гузаштани рўзу расидани шабро пай намебурдам. Аз саҳар то шом бо дарсгўӣ, машғулияти семинарӣ, маҷлис, маҳфил, консултатсия, китобхонӣ, санадғундорӣ машғул будам. Худро одами бағоят зарур мепиндоштам, ба ҳар як гапу кор ҷавобам тайёр буд, дар ҳар як масъала фавран ба хулосае меомадам. Барои андешаҳои чуқур фурсат надоштам.
Инак, ҳоло худро дар институт одами нодаркор меҳисобам. Аз хиҷолат рўям намешавад, ки ба факултет равам.
Дадаам имсол ба нафақа баромаданд, колхоз бист сўм нафақа таъин кардаст. Понздаҳ сотих замини рўидарича доранд, обчакорӣ мекунанд. Деҳаи мо аз шаҳру бозор дур, бинобар он, сабзавот ва меваи зиёдатиро фурўхтан ба мардуми мо расм нашудааст. Ҳар кас ба замини рўидаричааш зироати ба рўзгор даркориашро мекорад.
Дадаам, ба ғайр аз ин, гови дўшоӣ ва ҳафт-ҳашт сар моли реза доранд, ки бо нигоҳубини онҳо худро машғул месозанд. Вақтҳои охир ба рўи ман нигариста, оҳиста бо дард оҳ мекашанд, аммо чизе намегўянд. Ман ҳис мекунам, ки аз кору бори ман норозианд, умедҳои он касро барбод додаам. Дар деҳа айёми мактабхониам муаллимон бо як овоз талқин мекарданд, ки маро баъди тамом кардани мактаб ба институт фиристонанд. Бо таъсири ҳамин ташвиқот дадаам аз ояндаи ман дилпур буданд, умедҳои калон доштанд, ки хонда ба деҳа меояму дар колхоз агроном ё раис мешавам ва он кас дар сояи обрўю эътибори ман ба роҳат зиндагӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор