Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Бас не оворагиат, биё дар колхоз ягон кор ёфт мешудагист?.. Хонадор кунем, зани ту ҳам ба мо хизмат кунад, – бо умед ҳанўз ҳам маслиҳат медиҳанд, ё хоҳиш мекунанд, фаҳмидан мушкил.
Ман аз бисёр ҳамдеҳагон ин гапро мешунавам. Ҳар бор таъкид мекунанд, ки дадаат пир шудаст, хоҳаронат бо рўзгори худашон овора, ту биё, ба мўйсафед саробонӣ кун, бечора ба умед туро калон кард, хононд.
Ман ба ҷои ҷавоб бо дард оҳе мекашам. Чӣ гўям, чӣ ҷавоб диҳам?!
Бинобар он ҳам, рўзҳои дар деҳа буданам соате бекор наменишинам. Ин бор ҳам боми ошхона ва оғилро толпўш кардам, печкаи хонаро аз нав соз карда шинондам, барои зимистон ҳезуму ангишт ёфта овардам. Баъд чор-панҷ сўм пули дар киса мондагиро ба дасти падар додаму ба шаҳр баргаштам.
Ба институт омадам, ки донишҷўён аз пахта баргашта, таҳсил сар шудааст. Дигар ман бо таълиму таҳсил алоқае надорам. Аҷаб не, аз ин корам ҳам пасттар фуроранд. Барои арақхўрию бадмастӣ албатта ҷазо медиҳанд. Худ ба худ аҳд кардам, ки ягон кори дигар ёбам. Агар ба ягон институти илмию таҳқиқотӣ ба кор мегирифтанд, хуб мешуд. Мақолаҳоямро хондагистанд, агар нахондагӣ бошанд, бурда нишон медиҳам. Ягон кори паст диҳанд ҳам, ман розӣ.
Имрўз ба номи ректор ариза навишта рафтам, аммо он касро дар идора наёфта омадам. Дар роҳ Манучеҳр пеш омад. Саросема ба дарс мерафт, гуфт, ки Рухсора маро кофта гаштааст, як бор ўро рафта бинам.
Дар ривоятҳои динӣ аз азоби дўзаху фароғати биҳишт гап мезананд, аммо дар асл, ҳамаи ин мавҳумот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор