Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

акси ҳаёти воқеии мост. Дӯзах ҳам, биҳишт ҳам дар худи мо, дар рафтору гуфтор, дар тинати худи мо таҷассум аст. Шиканҷаи виҷдон аз азоби кадом дўзах камтар? Ана, ман ҳоло ба чашми рафиқон нигоҳ карда наметавонам ва як умр, ҳар боре, ки ин одамонро бинам, ҳамон номаъқулиам ба ёд меояд, диламро фишурда, айшамро талх мекунад.
Субҳи рўзи дигар аз хоб чашм кушодаму хеле вақт дар бистар ғелида хобидам. Ба хестан ҳавсала надоштам. Ин хел одатам набуд. Айёми донишҷўӣ мудом аз рафиқони ҳамхона маломат мешунидам: аз хоб чашм мекушоию мор газидагӣ барин парида мехезӣ, як дам хоб кун, мегуфтанд. Ҳозир бархоста, бояд ба институт равам, лабораторияро кушоям... Не, ҳеҷ поям намекашад, ман баъзеҳо барин пўсти ғафс надорам.
Аризаамро бардошта, ба назди ректор меравам... Соли нав наздик меояд. Порсол ҳамин вақт чӣ хел беғаму беташвиш будам. Ним сол кор накарда, ҳамин қадар ғавғо. Саъдӣ нағз гуфтааст: «То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем».
Касе дарро бо нўги ангушт нарм - нармак зад.
Ҳаросон бархоста, шимамро пўшидам.
– Дароем майлаш, ё як бор мебароед? Илтимос, – овози сохтаи ба тақлиди духтаракони нозпарвард борик баровардаи Манучеҳрро шинохтам.
– Гаранг накун, даро! – асабонӣ ба кат нишастам.
Баъди вохўрию пурсупос Манучеҳр ба чашмонам нигариста аз рўи одат кайфияти маро санҷиданӣ шуда, пурсид:
– Нағзӣ?
– Бад.

пешина
аз 538
навбатӣ