Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз чӣ гап шуд?
– Шуданӣ шуд, боз чӣ шавад.
– Ҳеҷ гап не... – Лаҳзае ба расми ҳамдардӣ хомўш
монду сипас мавзўи гапро дигар кард: – Рухсора туро
кофта гаштааст. Бечора мурғи посўхта барин, бетоқат
«он каса ёбед», мегўяд. Қариб ба деҳаатон телеграмма
фиристонам. Надидӣ?
– Не.
– Имрўз ба кор мерафтагистӣ?
– Не. Аз кор меравам.
– Э-э, бачагӣ накун. Ҳамин ҳам гап шуд! Маст
шудаст! Мардум ҳар рўз маст мешаванд. Ана Баротов ба
дарс ҳам маст даромад. Ҷави ягон каса хом надаравидӣку! – Сонӣ лаҳзае таваққуф карду баъд гуфт: – Ман туро
огоҳ карда будам, дар ёдат?
Даст афшондаму садқаи сар гуфтанӣ шудам. Гуноҳи
худам, вай зўран ба даҳони ман нарехтааст-ку. Хайр,
агар одамгарӣ мекард, маро намегузошт, ки ба назди
донишҷўён равам. Барои ин аз вай домангир шудан
нодуруст.
– Хез рафта ношто кунем.
– Не, намеравам. Ман аз кор меравам, Манучеҳр. Бас.
– Ҳиъ... – писханд кард вай.
Сонӣ ҷиддияти авзои маро дида, аввал ба фикр
афтод, баъд ба чашмам нигариста табассум кард.
Одатан, ба нозу нузи кўдаки инҷиқ ҳамин хел табассум
ва тамасхур мекунанд. Вай пай бурд, ки ман андешаи
изҳор накардаи ўро аз авзоаш хондам, ҷиддан ба
насиҳат сар кард:
– Гўш кун, ту ин хел сабўс барин сабук нашав. «Мард
бояд, ки дар кашокаши даҳр санги зерини осиё бошад»,

пешина
аз 538
навбатӣ