Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин гуна хулосаҳои сарсарӣ ва берабт ҳамеша ҳангоми ягон нокомӣ дар сари ман ба рақс медаромаду сонӣ монанди дуди сигоре, ки хонаро пур кардааст, оҳиста парешон мешавад.
Дар сари чорраҳаи хобгоҳ Рухсораю Инобат ба мо нигарон буданд.
– Чӣ шуд? – ҳарду баробар ба ману Манучеҳр рў оварданд.
Манучеҳр даст афшонда, кирои ғам хўрдан не, гуфтанӣ шуд.
– Танбеҳи сахт, – гуфтам ман бо малолат ночор табассум карда. Дар дилам Манучеҳрро маломат кардам, ки беҳуда духтаронро аз ин сир огоҳ кардааст.
– Барои ҳамун арақхўрӣ? – пурсид оҳиста Рухсора ғолибан бо ҳайрат.
Сараввал ба саволи вай ҳеҷ кас ҷавоб надод, ҳама хомўш будем.
– Арақхўрӣ… – гуфт Манучеҳр. Сонӣ илова кард: – Арақхўрӣ, бемории кадом як донишҷўй, шикояти дадаатон, гилаи ҷингилаи рафиқон, – ҳамаашро ба ришта кашиданд.
– Парво накунед, ин тарафаш нағз мешавад, – сухани ўро бурид Инобат. – Як сол нагузашта боз об бо лаби ҷўй баробар.
Вай сухани Ҷўразодаро гуфт. Ҷўразода ҳам дар пахта маҳз ҳамин маъниро ва бо ҳамин мақол гуфта буданд.
Одамони хуб аз бисёр ҷиҳатҳо ба якдигар монанданд, ҳатто суханашон ҳам аз як ҷо мебарояд. Ҷўразода вақте ки як ҳафта барин омада, ҳамроҳи ман дар пахтазор буданд, ҳамин гапро гуфта, таъкид карданд, ки ҳарчи зудтар ба кафедра, ба кори дарсгўӣ гузаронданианд.

пешина
аз 538
навбатӣ