Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳой бача, ин пахтаро раисат ба колхози мо фурӯхт, фаҳмидӣ? Ба ту колхозат ҳақата менависад... Таҳи гапа кофта чӣ мекунӣ?! Аз гапковӣ ҳеҷ кас ба мурод нарасид. Ҳозир, додар, гӯшам — кару чашмам — кӯр гӯён гардӣ, беҳтар аст.
— Ман котиби комсомолам. Ба ин кор роҳ намедиҳам. Ин кори ҷиноятӣ аст. Ман ба ин ҷиноят шарик шудан намехоҳам. Шумо медонед...
— Ҳой, бачагӣ накун, — баъд он мард оҳанги суханашро дигар кард: — Ман ҳазлона гуфтам, ҳазл... Ба мо ин пахтаро раисатон қарз дод, соли дигар медиҳем... Раҳбарон байни худ ҳазор хел муомали доранд. Аҷаб не, пор колхозатон аз мо гирифтагӣ...
Мардак дурӯғро ростмонанд карда гуфта натавонист.
— Ин кор ҳам хилофи қонун, ба чашми давлат хок пошидан аст, — ҳамвора якраҳагӣ мекард Ғаюр.
Баъд ба сари ғавғо саркор расиду ба Ғаюр фаҳмондан хост, ки агар колхоз аз план зиёд пахта супорад, соли дигар планашро зиёд мекунанду дехқонон аз подош маҳрум мешаванд. Колхози ҳамсоя имсол пахтаи моро қарз гирифта, планашро иҷро кунад, хилофи қонун не. Аздусар мо ба пахтазор мол сар медиҳем. Саркор ҳам ӯро розӣ кардан натавонист. Ғаюр гуфт, ки ҳозир корҷомаро мекашаду ба район меравад, ба идораҳои дахлдор хабар медиҳад.
Саркор аз паи ҷустуҷӯи раис рафт.

пешина
аз 538
навбатӣ