Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Раиси колхоз омаду гуфтугӯро мухтасар кард:
— Кай боз ту забон баровардӣ?! А?.. Шикамат аз нон сер шуд-чӣ? Чени даҳанат гап занӣ намешавад?!
Хуб ҳозир ба хонаат раву дар соя фароғат кун, фардо ба хошокғундорӣ меравӣ. Фаҳмидӣ? Ҷавоб ба ту.
Ғаюр якчанд рӯз ба хошокғундорӣ нарафт.
Маҷлиси комсомолӣ даъват накарда, ӯро аз котибӣ озод намуданд.
Тракторҳо беронанда буданд, вале раис ба вай дигар трактор намедод. Оқибат Ғаюр ба идораҳои район шикоят кард. Тавсифномаҳояшро бурда нишон дод, аммо — бенатиҷа.
Зимистон расид, барои таъмири тракторҳо таъмиргарон кам буданд, вале ӯро ба ёд намеоварданд. Оқибат, баъди ба осоишгоҳи канори баҳри Сиёҳ рафтани раис ӯро ба кори таъмир ҷеғ заданд. Ғаюр бо ғайрат ва дилгармии тоза ба кор сар кард.
Зимистон гузашту баҳори дигаре фаро расид.
Тракторчиён ба кишту кор шурӯъ намуданд, вале раис боз ба вай трактор надод. Ғаюр ба аламаш тоб оварда натавонисту ин дафъа ба район рафта, домани яке аз роҳбаронро сахт гирифт. Он шахс дар ҳузури Ғаюр ба раис занг зада, шафқат талаб кард, аз номи вай маъзарат хост.
Ин бор раис ба ӯ таъмири як трактори вайронаро, ки мурватҳои даркориашро кайҳо кашида бурда буданд, супурд.
— Ана, ҳаминро таъмир куну бигир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор