Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ғаюр ба таъмири он тамоми баҳору тобистон машғул шуд. Дар ин миён аз барои мурвати даркориро надоданаш чандин бор бо сармеханик ва раис хархаша кард, дар байни онҳо суханони тунду тез ҳам гузашт. Баҳору тобистон бо сӣ сӯм моҳонаи ночизи таъмир қаноат карду аввали тирамоҳ, тракторро ба саҳро бароварда нафаси сабук гирифт.
Аммо бо ин трактор ҳам, ки аз арақи ҷабини вай ба по рост гашта буд, муддати дароз кор кардан ба вай насиб нашуд.
Баъди ин воқеаҳо дар деҳа ӯро мазоҳу масхара мекарданд, ҳамсолонаш сари ҳар сухан ба ӯ пичингу киноя ва мазоҳу тамохира доштанд, саргузашти Ғаюр боиси ҳазлу мутоиба ва дилхушиҳо гашт.
— Пахтаро надодӣ охир, ё бурданд, Ғаюр? — дар ҳар давра ягон кас ҳазломез аз ӯ савол мекарду дигарон механдиданд.
— Буза пушташ хорад, нони чӯпона мехӯрад!
— Охир, ту пахта чин, раис пахтаро ба кӣ медиҳад, чӣ кор дорӣ?
— Эҳ, комсомол, комсомол! Дидӣ, раис як пуф карда буд, қариб як сол саргардон гаштӣ! Бобоҳо беҳуда нагуфтаанд: ҳазл накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб.
Ғаюр дар дил ба бебурдию беҷуръатии ин одамон механдид, вале хомӯш сар меҷунбонд, — чи гӯяд, ки ҳоло вай мағлуб аст ва мағлубон аксаран ноҳақанд, хатокоранд. Вале Ғаюр ба худ амин буд, ки ин кӯтоҳназарон пагоҳ ё фардо аз гуфтаҳои худ пушаймонӣ мекашанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор