Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Директор ба рӯзнома навиштааст. Баъди дар рӯзнома чоп шудани даъвои ӯ ҳамаи раҳбарон пӯстинашонро чаппа пӯшидаанд. Ба мактаб комиссия болои комиссия фиристода, бо ҳар баҳона ба кори вай халал расонда, ба танг овардаанд. Ӯро «Нависанда»
гӯён дар район мазоҳ мекардаанд. Бечора «Чӣ кунам, ба шогирдон дурӯғ гуфтан ба дилам зад» мегуфтаст.
Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки дар ҷавоби мақолаи рӯзнома раҳбарони колхоз навиштаанд, ки даъвои директори мактаб дуруст, колхоз ҳоло музди шогирдони мактабро дод, гунаҳгорон ба ҷазо расиданд. Боз ҳамон рӯзнома ин ҷавоби онҳоро чоп кардаст. Ва ҳол он, ки шогирдон як пул ҳам музд нагирифтаанд. Муддати зиёде нагузашта директори мактаб ночор аз кор меравад.
Ҳоло Занҷир намедонист, ки чӣ чорае кунаду аз Бадалбек халос шавад. Аз ин бобат ҳамеша хотираш парешон буд. Аз киноравӣ, аз маҷлис, аз бевақту барвақт гаштан меҳаросид, ҳатто саъй мекард, ки рӯзона ҳам тоқаву танҳо аз дарвозаи фабрика берун набарояд. Сари роҳашро гирифтани марди миёнсинни бо падараш ҳамсол ӯро дар назди дугонаҳояш малул ва хиҷил мекард, аз ин хусус алам мекашид, баъзан худ ба худ дармегирифт. «Кошкӣ, ба ягон раҳзан ё авбоше дучор мегашту як бор ғораташ мекарданд ё кӯфта, маъюбу маслух мепартофтанд, — орзу мекард вай — Эҳ, агар як акои ғамгусорам мебуд, ин мард ҳақ дошт, ки ба ман аз бинӣ боло гап занад?! Барои ҳамин падарону модарон бештар писарталаб будаанд! То имрӯз ба маънии он равшан сарфаҳм намерафтам... Ин мардак дилпур аст, ки маро ба занӣ мегирад. Наход, ки розӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё