Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
набошам ҳам, ба зурӣ бигирад?.. Сӣ - сиюпанҷсола бошад ҳам, кӯр шавад мегуфтам, охир, вай додом кати баробар-е! Пулу молат аз сарат монад, пирхар!.. «Ариза навису як моҳ аз корат рухсат гир, ҳар ду ба тамошои Маскаву Ленинград меравем, дар беҳтарин меҳмонхонаҳо манзил мегирем, дар ресторанҳои зӯртарин хӯрок мехӯрем, аз магазинҳо ҳар чӣ дилат мехоҳад, харида медиҳам...» гуфта, сарамро ба дард овард. Вай дар ин шаҳр ҳам шиносу ошноҳои зӯр дорад мегуфтанд, метарсам ба сарам ягон балоро набиёрад...
Бибиам мегуфтанд, ки нон деҳу фармон деҳ, ин Бадалбек ҳам пулаш кати ба ҳама фармон медиҳад...
Агар ман мард мебудам, дар деҳа истода ба решаи ин алав мемондам!..»
Занҷир баъди изтиробу андешаҳои бекарон дар ин боб бо ҳамхонаҳояш машварат ороста буд, Ирина гуфт:
«Биё, ман ҳамроҳат ба назди директор медарояму ҳама гапро ба вай мефаҳмонам. Ба прократура телефон мекунад, аз паяш мешаванд». Занҷир лаҳзае биандешиду баъд гуфт: «Агар ба сари вай ғавғо барангезам, дар деҳа овоза мекунад, дар шаҳр ҳам вай катӣ алоқадор будам, боб кард. Айнан ҳамин хел мегӯяд ва шикояти ман ин даъвои ӯро дар назари одамон дуруст мебарорад. Ба ғайр аз ин, барои прокурор асосе нест, гап заданро ба ҳеҷ кас манъ накардаанд-ку». «Хуб, худат бигӯ, аз ӯ чи хел халос мешавӣ?» — мепурсид Ирина. «Ҳайронам», — китфонашро боло мекашид Занҷир ва даст зери манаҳ ниҳода, соатҳои дароз муқаййиди андеша менишаст.
Ба ҳамин минвол Бадалбек гоҳ-гоҳ дар шаҳр пайдо мегашту рӯзгори ӯро нороҳат менамуд. Занҷир баъзан инон ба ихтиёри хаёл медоду аз ҳар як марди ҳамкору шинос мадад пурсидан мехост, аммо зуд аз ин андеша даст мекашид, зеро ба худ ва ба одамон нобоварӣ, тарсу ҳароси номаълум дами ҳар як азми ӯро зуд мегардонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё