Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар вай то ба имрӯз доири зиндагӣ, неку бади ҳаёти одамӣ ягон лаҳза ҷиддӣ наандешида бошад, дар ин ҷо рӯзу шабҳои дароз, ҳафтаҳо ва моҳҳои тоқатшикан фикр мекарду фикр мекард. Ғаюр ҳамеша гирди ду-се тан мардони донишманду соҳибтаҷриба мегашт ва гаштаю баргашта аз онҳо доири ин тӯҳмати ба сараш афтода маслиҳат мепурсид.
Вай беш аз ҳама аз он алам мекашид, ки дар деҳа ҳеҷ кас ба шахси вай тӯҳмат будани ин ҳодисаро намедонад ва як умр ӯ дар назди одамон бегуноҳии худро исбот карда наметавонад. Агар ягон касро мекӯфт ва ё пулу молеро дуздид гӯён ӯро ҷазо медоданд, беҳтар буд, вай ба одамон исбот мекард, ки ба кӯфтан ё ба дуздӣ қобил нест.
Дар ин ҳама ранҷу шиканҷаи худ Ғаюр сараввал Лоларо гунаҳгор медонист, ӯро бо лаънату нафрати беҳудуд ба ёд меовард, афсӯсу надомат мекард, ки чаро бо вай ошно гашту ба сари худ ин касофатро биовард. «Агар дар суд як даҳан мегуфт, ки одами ба ман ҳамлавар ин ҷавон не, — олам гулистон буд.
«Чӣ хел одам будани ӯро дида натавонистам... Ба фикрам, одами ҷавон набуд...» пӯла-шӯла гӯён майдагапӣ карду сари маро ҳар бало бимонд. Агар қатъӣ мегуфт, ки ин ҷавон не, суд ҳам, прокурор ҳам, маро ҳеҷ кор карда наметавонистанд. Дар ин ҷо одамони қонуншинос ҳам ҳаминро гуфтанд. Як даҳан гап-а, беинсоф, агар як даҳан мегуфт, ки ин бача не, ман ин вақт хушбахту хушҳол трактор ронда мегаштам, замин шудгор мекардам, алаф медаравидам, силос мехобондам, ҷӯяҳои пахтаро нарм мекардам, пахта мечидам...

пешина
аз 538
навбатӣ