Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Не... Агар мумкин бошад, ман дар факультети ҳуқуқшиносӣ хонданиам, — гуфт Ғаюр бо авзои оштинопазир ба чашми муаллимон нанигариста.
— Афсӯс. Қобилияти худро ҳайф мекунӣ! — гуфт сар ба надомат ҷунбонда яке аз муаллимон.— Имрӯз дар назарат прокурору муфаттиш барин одами бузургу қудратманд нест...
— Не нагӯй, фикр кун. Мо ба ҳар кас ин хел пешниҳод намекунем, — сухани якеро бурида, исрор мекард муаллими дигаре, ки аз дуруштии Ғаюр ба ҷои қадр тааҷҷубаш афзуда, кунҷковона ба рӯи вай менигарист.
— Не, намехоҳам... Ман ҳуқуқшинос шуданӣ.
Муаллимон бо таассуф такрор ба такрор сар ҷунбонда аз ӯ дур шуданд.
Ғаюр дар ҳабсхона китоби «Гулистон» ва «Бӯстон»- ро хонда буд, хонда буд гуфтан кам аст, аз пурхонӣ ёд карда буд. Умуман, аз осори Саъдӣ байту ғазалҳои зиёде аз ёд медонист. Дар имтиҳон бо унвони «Одамият ва назари Саъдӣ» иншои самимие навишта буд, ки муаллимон аз хондани он ба ваҷҳ омада, ба ӯ бо чунин пешниҳод рӯ оварда буданд.
Дар имтиҳони фанни таърих вай баробари Ҳайдар билет гирифта, дар сари як миз нишаст.
Нишасту саволҳои билеташро мулоҳиза кард ва дилпур аз худ, хотирҷамъ онро чаппа карда монд.
Сипас ба қафояш нигарист, ки духтараке имдодталабона сӯяш нигоҳ кард. Ғаюр оҳиста сарашро гардонда саволҳои билети ӯро хонду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор