Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Вай лаҳзае дар паҳлӯи имтиҳонгирандагон нишаста, ҷавоби духтаракеро гӯш кард, сипас, бархосту ба назди Ҳайдар омад. Орифӣ сараввал «ҳа-ҳу» гуфта хаёл карду баъд пичиррос зада, мавзӯъро ба хотири вай оварданӣ шуд:
— Ҷанги Ватании 1812, ҳуҷуми Наполеон...
Кутузов... Бородино... Шикасти французҳо... Ҳа-ҳа, ба ёд биёред... — ин мафҳумҳоро якта-якта, бафосила номбар кард вай.
Ғаюр барои ҷавоб додан бархосту дигар надонист, ки Ҳайдар он мавзӯъро чӣ андоза ба хотир овард, чӣ хел ҷавоб дод, чӣ баҳо гирифт.
Вай ҳоло хуб медонист, ки хари ин гуна зотҳо ба ҳар усул аз об мегузарад, онҳо дар зиндагӣ дармондан чист, намедонанд.
6
Айёми таҳсил дар донишгоҳ, ҳалқаи ҳамсолони шӯху беғам занги андӯҳ аз дили Ғаюр асосан сутурданд. Ғаме, ки ба зоҳираш соя афканда буд, гӯё бартараф гашт, вале он гиреҳе, ки дар дили вай афтода буд, ба осонӣ кушода намешуд, ҳасрате, ки дар умқи чашмони андешамандаш нишаста буд, бо гузашти айём бардошта намегашт. Ғаюр як ҷавони камгап, ба кас нобовар, нисбат ба синну солаш зиёда вазнин ва пуртамкин, ҷиддӣ, ҳазлнобардор ва дар назари ҳамсолон дарундору пурасрор буд.
Вай солҳои аввал шабҳо ҳамчун посбони як идораи сохтмон кор мекарду рӯз дар донишгоҳ дарс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор