Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷониби духтар ба ишорат чашм хобонд, яъне, хондам, ҳозир навишта медиҳам, гуфт. Баъд вай дар даҳ дақиқа ба ҳар ду саволи билети духтарак мухтасар ҷавоб навишта дод. Сонӣ як тан ҷавонаки лоғари деҳотӣ, ки дар паҳлӯи чапаш менишаст, билеташро бо оринҷ тарсону ҳаросон ба ҷониби Ғаюр лағҷонда, ба имо хоҳиш кард, ки кӯмак расонад. Ғаюр ҷавоби саволҳои ӯро ҳам зуд навишта, варақро ба сӯяш ғеҷонд.
Ӯ ҳеҷ намеандешид, ки агар муаллим дар сари ин амал бигирадаш, мебояд бо орзуи таҳсили илм ва ҳуқуқшиносӣ падруд гӯяд... Аз афти кор, айёми ҷавонӣ бо ҳамин гуна сифатҳои бепарвоию фориғболӣ ва дил ба дарьё заданҳояш аз фаслҳои дигари умр тафовут мекунад. Сарфи назар аз саргузашти талху сабақомӯзаш Ғаюр ҷавон буд ва аз меҳвари синну соли худ берун рафта наметавонист.
Баъди он, ки Ғаюр ба атрофиён кӯмак расонд, Ҳайдари бо кару фар, олуфтавор либос пӯшида, низ оҳиста ба тарафи вай лағҷида наздик гашту ду-се бор бо оринҷаш нихта карда, гуфт, ки саволҳои билети ӯро нигарад. Ғуруру баланддимоғӣ ва ситораи ин ҷавон ба Ғаюр хуш наомад магар, ба вай ёрӣ кардан нахост. Ӯ бо тааҷҷуби ошкоро ба вай нигариста китф дарҳам кашиду бо забони нигоҳ мо имтиҳон месупорем, ман ба ёрӣ ҳақ надорам гуфт.
Ҳайдар ғазабнок пичиррос зад, аз афти кор, зери лаб дашноме дод. Баъд ба хона Орифӣ даромад.
Мӯйи ҷингилааш аз равғани бриолин ялақкос мезад.

пешина
аз 538
навбатӣ