Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лола сараввал гумон мебурд, ки прокурору суд ин гуноҳро ба гардани ҷавон бор карданду вай пеши Ғаюр бегуноҳ аст. «Ҳамла кардагӣ Ғаюр не, — гуфтам, — дасти он нокас ба дасти ҷавон ҳеҷ монанд набуд», — гуфтам, боз чӣ кунам? — мегуфт вай баъзан ба хоҳари Ғаюр Ҳалима ҳасрат карда.— Акотон аз ман домангир барин, ҳамроҳатон рафтам, рӯи хуш надоданд...» Вале амин буд, ки муҳаббат кори худро мекунад, тамоми ин гумону шубҳаҳои камарзиш, гиламандию ранҷишҳои беасосро аз миён бартараф хоҳад намуд. Махсусан, баъди он, ки дар деҳа кӣ будани гунаҳгорро донистанду ин хабар аз даҳон ба даҳон гузашта ба аҳли хонаводаи Ғаюр ҳам расид ва боре модар онро ба Лола ҳам бигуфт, вай бештар ба ҳоли ҷавон дилаш месӯхт. Аҷаб не, Лола баъди ин хабар Ғаюрро бештар аз ҳар вақт дӯстдор гашт, ӯро як инсони ба ҳурмат сазовор донист.. Дар суд мардона тамкин нигоҳ дошта бешӯру ғавғо, бе фарьёду фиғон, радди даъво кардани вайро пеши назар меоварду дар чашмонаш ашк меҷӯшид. Дар яке аз чунин лаҳзаҳо Лола аҳд карда буд, ки худро якумрӣ ба ин ҷавон хоҳад бахшид.
Бинобар он ҳам, се соли расо як пои вай дар деҳа буд. Мардуми деҳа дар автобус, дар кӯчаю магазин ӯро дида, ҳар мудом гӯшакию пичир-пичир доштанд, баъзан аз кундфаҳмони бедаҳан кинояю пичингҳои талх ҳам шунид, аммо ба дил нагирифт, баръакс, аз назди чунин касон сарбаланду мағрур, нописандона, тамоми таъсир ва зӯри ҳусну

пешина
аз 538
навбатӣ