Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

малоҳати ҷавониашро намоиш дода мегузашту бо ҳамин дар назди ҳамдеҳагони Ғаюр собит мекард, ки ӯ ҷавони хушбахт аст, аз аксари онҳо хушбахттар аст, ку барои кадоме аз шумо чунин як духтари нозанин саргардон меояд, гуфтан мехост.
Аввалбор номаашро рад кардани Ғаюр ӯро сахт малул кард, вале Лола ба маъюсӣ тан надод. Вақте ки рухсати мулоқот доданду вай модару хоҳари ӯро гирифта ба Ёвон рафт, Ғаюр боз ҳам ба вай рӯи хуш надод ва Лола сахт малул буд, аммо модару Ҳалима парешонии ӯро бартараф карданд: «Ҳеҷ ғам нахӯр, вай туро дӯст медорад, ба ҷуз ту дигареро хуш намекунад. Ту фариштаӣ, аз ту гузашта вай киро мегирад?!»
Лола равуои худро ба деҳа қатъ накард. Аз ин бобат мактубе ба Ғаюр навишту ба модар дод ва хоҳиш кард, ки бо дасти худ ба писар диҳад, то ӯ бихонад ва боре дарди дили ӯро бидонад. Дар он нома Лола навишта буд: «...Акнун, баъди он, ки шумо ба касофати ман ин қадар азоб кашидед, бовар кунед, ман бо каси дигар хушбахт будан наметавонам, як умр диламро мехарошам, худамро мехӯрам. Фақат дар паҳлӯи шумо, дар баробари шумо ман хурсанд будан метавонаму бас...»
Ғаюр ҳоло ба одамон нобовар гашта буд. Вай на фақат розҳои нонавиштаи духтар, балки суханони сидқан гуфтаи ӯро низ намешунид ва ё шунавад ҳам, аз як гӯшаш медаромаду аз дигараш берун мешуд. Ҳол он, ки Лола барои алоқамандиаш бо кадом як ҷавони деҳотӣ аз аҳли хонавода гоҳу бегоҳ таъзир мешунид, номеҳрубониҳо медид.

пешина
аз 538
навбатӣ