Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ғиёс дар он айём, ба қавли ҳамсабақон, «Адютант» ҳам набуд, «Сумкабардор» ҳам ва гузашта аз он «Пешдаргирон» ҳам. Ӯро бачаҳо мазоҳу масхара мекарданд, бо ҳазлҳои дурушт баъзан ранҷ медоданд.
Ҳамон соли аввали мавсими пахтачинӣ гурӯҳи курсҳои якум аз маркази колхоз дуртар, дар шипанги бригадае қарор гирифта буданд. Шабҳо бачаҳо бо ҳар хел бозиҳо ва дилхушиҳои беақлона машғул мегаштанд. Боре мӯзаи Ғиёсро шабона ба куҷое бароварда руст карда, ӯро хеле дар азоб монданд. Баъд дӯлчаю косаи алюминиашро мех зада, сӯрох карданд.
Баъзан нимишабӣ ба ҷогаҳи Ғиёс об рехта ё ба рӯяш сиёҳии дег молида, саҳарӣ хандохандӣ мекарданду бечораро масхара медоштанд. Дар ин хел вақтҳо фарьёду фиғон ва дашноми Ғиёс мебаромад.
Боре бегоҳирӯзӣ, баъди кор дар сабзамайдон чор нафар ҷавонони густох бо ташаббуси Ҳайдар телпаки Ғиёсро аз сараш гирифта, тӯби футбол карданд. Ғиёс барои телпакашро аз таги пои онҳо гирифтан зӯр зада, гоҳ ба сӯи яке, гоҳ ба сӯи дигаре метохт, аммо онро гирифта наметавонист. Ҳамин ки Ғиёс ба телпак наздик рафт, бо зарби сахти пой онро яке ба дигаре медод. Донишҷӯён аз ин тамошо завқ карда механдиданд. Оқибат, аз ин ҳол, Ғиёс ба гирья наздик шуд. Аввал ба яке, сонӣ ба дигаре суханони дурушт гуфтан ОҒОЗ кард. Тамошогаронро ҳам ин хории ӯ таъсир карду онҳо ба нармӣ он чаҳор танро ба инсофу шафқат даъват мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор