Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То ба пахтачинӣ рафтан аз ҳамсабақонаш касе ба Ғаюр кордор набуд ва ӯ ҳам ба онҳо наздикӣ намеҷуст. Кор, китобхона, дарс.. Ӯ фақат шаб дар миён, пеш аз хоб ба хобгоҳ медаромад ва одати бо дигарон аз кору бори худ сухан гуфтан надошт.
Тирамоҳи соли аввали таҳсил донишҷӯён ба муддати якуним моҳ ба пахтачинӣ рафтанд. Ғаюр ҳамкори посбонашро розӣ кард, то муддате ба ҷои вай ҳам навбатдорӣ кунад ва худ бо ҳамсабақон ба пахтачинӣ рафт. Айёми пахтачинӣ ӯ бо ҳамдарсони худ хеле наздик шуд, аммо дар ҳамон ҷо ҳам вай, ба қавли баъзеҳо ҳамчун «Ҷумҳурияти мухтор» монд.
Ӯ саргузашти аламовари худро фаромӯш карда наметавонист. Дар миёни ҷамъ, лекин яккаю танҳо, бегузашт, бемуросо, гӯё ба ҷигар санг баста зиндагӣ мекард. Ҳазли андаке дурушт, лутфу кинояи сабук ҳам зуд ӯро аз мувозанат мебаровард. Андаке кибру калонгирӣ, заррае норостӣ ва беадолатӣ ӯро ба хашм меовард. Ба назар чунин менамуд, ки хол - хол доғҳое, ки дар китоби зиндагӣ ҳар мудом ҳастанд, дигар саҳифаҳои покиза ва бегарду беолиши онро аз чашми ӯ пинҳон мекунанд. Баъзан аз дилаш мегузашт, ки ҳамаи ин одамон артистанд, найрангбозони гузароянд, ба рӯи якдигар бардурӯғ механданд, мунофиқона аз меҳру дӯстӣ, сидқу вафо гап мезананд. Он касе, ки худро одамшаванда ҷилва медиҳад, дар асл айёри мунофиқ ва нобакори гузаро аст, мегуфт вай ба дил.

пешина
аз 538
навбатӣ