Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
миёна ҷони ҳамсинфон буд-ку!.. Наход, ки суханони модараш дуруст бошад? Баъди аз ҳабс омаданаш ӯ гуфта буд: «Ғаюрчон, писарам, заҳри алама дар дилат нигоҳ надор, зиёнаш ҳаст. Ба гузашта салавот гӯю аз ёд барор, писарам...»
Соли сеюми таҳсилаш дар донишгоҳ боз ҳам мавсими пахтачинӣ буд. Гурӯҳе нимишабӣ аз паи харбузадуздӣ рафтанд. Баъд маълум шуд, ки онҳо дар бадали ду-се шаб полези колхозчиеро батамом хароб кардаанд. Вақте ки роҳбарон омада, ҳамаро ғун карда, бо суханони сахт изо доданд ва зиёда аз он, ҷаримаро аз музди кори ҳама ситониданӣ шуданд, Ғаюр бархосту дуздҳоро ном ба ном гуфт ва ин нангро ва ҷаримаи онро аз гардани донишҷӯёни дар ин хиёнат беалоқа бардошт.
Чор нафар дуздон танбеҳи сахт гирифта, ду нафар саркардаашон ба болои танбеҳ, семоҳӣ аз стипендия ҳам маҳрум гаштанд.
Баъд дар шаҳр онҳо алами инро аз Ғаюр ситонданд. Шабе се тан ширакайф дар роҳ бо Ғаюр ҷангангезӣ карда, ӯро ду-се мушту лагад заданд.
Ғаюр ҳам суст намеомад, ба ду мушти онҳо як мушт зад, аммо якбора ба се тан баробар омада натавонист.
Ғаюр арзу шикоят накард, ин гуна ниқоргирӣ ва ҳамиятҷӯӣ дар хулқи вай набуд.
Солҳои охир вай аз ҳама бештар аз Ғиёс нафрат мекард. Ғиёс аксар бо ишораи Ҳайдар баҳудаю беҳуда бо дигарон тез мешуд, суханони пасту баланд мегуфт. Дар гурӯҳашон Карим-ака ном ҷавони синнаш аз дигарон шаш-ҳафт сол бузургтар ва ҷуссааш ҳам баҳодурасосе буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор