Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Вай як одами вазнин, ором буда, ба гапу коре, ки ба ӯ дахл надорад, ҳаргиз ҳамроҳ намешуд. Ғаюр боре ба ҳамин одам дӯғу пуписа кардани мушт барин Ғиёси пешдаргиронро дида, аввал ха ндида нигарон истод, сонӣ ҷаҳлаш омаду пештар рафта гуфт:
— Хок кашад туро, косалеси мурдор, — гуфт Ғаюр бо нафрат ба Ғиёс нигариста. — Охир, ин одамро агар барои калонсолиаш ҳурмат накунӣ ҳам, ба ҷуссааш як бор нигар. Як мушт занад, гард-гард мешавӣ!
— Ту ҳам гап зан! — аз эҳтиёт ду-се қадам ақиб рафт Ғиёс. — Санг ҳам заду чӯб ҳам зад, пасмонда кулӯх ҳам зад! — барои мазоҳ қоҳ-қоҳ зад вай. — Ё боз хумори калтакхӯрет гирифт? — ба тарафи Ҳайдару ҷӯраҳояш баргаштаравон ба дили Ғаюр неш зад вай. — Ҳа-а, донистам, донистам!
Ҳабсхонаро пазмон шудаӣ! Дуруст, дуруст...
Мегӯянд, ки хумори он ҳар замон касро безобита мекунад, ин гап рост аст? А, ту чӣ мегӯӣ? Рецидив чӣ, медонӣ? Такрори гуноҳ ва ҷиноятро рецидив мегӯянд!
Ғаюр ба сахтӣ худдорӣ кард. Дар дилаш мегуфт:
«Агар ҳамон вақт бо тӯҳмат нею ягонта ҳамин хел косалеси палидро зада, маъюб мекардаму ҳабс мешудам, ҳеҷ ҳасрат намехӯрдам. Ба худо, як бор ҳам «афсӯс» намегуфтам! Ҷаври Ҳайдари палид ҳеҷ гап не, ҷаври ин хел косалесонаш ба ҷон мерасад...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор