Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Монед, баробар нашавед, Ғаюр, — Карим-ака он рӯз ӯро таскин доду аз дасташ гирифта бурд.
Гузашти вақт, айём чӣ захмҳоро шифо намебахшад, чӣ дардҳоро таскин намедиҳад! Ҳоло баъди панҷ сол нишонаҳои шикастарӯҳию нобоварӣ, асабонияту дуруштие, ки Ғаюр бар асари гузаштаи талхаш пайдо карда буду рӯзгори ҷавониашро ноором медошт, кам-кам бартараф гашта, дигар вай ба зиндагӣ, ба фардои худ бо дили пурумед, хушҳол менигарист. Баъзан барои дуруштиҳояш, барои атрофиёнашро дуруст нашинохта аз онҳо канора ҷустанаш афсӯс мехӯрд ва гӯё қусури он рӯзҳоро бароварданӣ бошад, кӯшиш мекард бештар дар ҳалқаи ёрон ба чойхона равад, як ҷо нишаста дарс хонаду мубоҳиса кунад, ба сайру гашти шаҳр барояд. Азбаски вай доир ба аксари фанҳо дониши саҳеҳ дошт ва донистани худро мухтасар, аниқ бо маҳорат бозгуфтан метавонист, духтарон ӯро пайваста ба ҳамроҳ дарстайёркунӣ даъват мекарданд.
Метавон гуфтан, ки то курси панҷум, ӯро бо духтарон дӯстӣ ё ба он монанд наздикӣ набуд.
Аксаран бо онҳо ба ҷуз салому алек дигар сухане ё муомилае надошт. Агар дар синф бачаҳо набошанд, ҳатто ба назди духтарон намедаромад. Агар духтаре аз ӯ мадад пурсад то имконе ҳаст, ҷадал мекард, аммо ба дигар саволи онҳо «ҳа-ҳу» гӯён нимғурма ҷавоб медоду аз сӯҳбаташон мегурехт. Аввалҳо дар ҳаққи ӯ ҳар хел тахмину гумонҳо сар зада бошад ҳам, оҳиста-оҳиста дар тӯли панҷ сол аксар ҳамсабақон инчунин хислати ӯро фаҳмида, ба бегонахӯиаш одат карда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор