Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҳамаи мо. Дигараш — гап, боз мегӯям — гапи бекора! — дастони дарозашро ба ҳар сӯ алвонҷ дода, ақидаи худро гузарондан мехост Салима.
— Апаи Салима, ту орзуи ҳаваси худатро гуфтӣ.
Орзуи ман ин аст, ки камбағалу нодор бошад ҳам, ба ҷавони дилхоҳу дӯстдорам бирасам.
— Ҳолӣ хомӣ, духтар, дар синни ҳабдаҳу ҳаждаҳ орзуи мо ҳам ҳамин буд. Аммо сонитар зиндагӣ чашмамонро, кушоду ҳайфо, ки дер кушод. Ҳолӣ чашми ту ҳам ягон рӯз боз мешаваду сонӣ мегуӣ: «Ҳамон Салимаи шаттоҳ асли гапро гуфта будааст». Мегӯӣ, қасам мехӯрам, мегӯӣ. Агар ба кас гуфта натавонӣ, ҳеҷ набошад, дар дилат мегӯӣ. Дуньё сад бор чаппаю роста шавад ҳам, боз асли гапу кор пул аст, дугонаҳои ширин!
Салима боз сари баҳсу мунозираро кушод.
Занҷир ба ёд овард, ки зани ношиносе як-ду бор ба хобгоҳ омада, барои ӯ сару либос, ҳатто туфлии мувофиқи андозаи пояшро ба кампири дарбон дода рафтаст. Мактуб ҳам мондаст: «Занҷир, ин чизҳо барои ту, ангура хӯру боғаша напурс». Дигар гап не. Занҷир он сару либосро то ҳол напӯшида нигоҳ медошт. Онро Бадалбек фиристода бошад ё Кабир, нафаҳмида ҳайрон буд. Мошини Бадалбекро як-ду бор дар сари роҳ дид, ҳар ду дафъа ҳам дарунаш ду каси ба ӯ ношинос буданд.
Ин нобакор аз гирифта гурехтан ҳам рӯ намегардонад, бинобар он, боре вай аз Ирина хоҳиш кард, то рақами мошини ӯро дар ёд дорад ва боз гуфт, ки агар бо ӯ ягон ҳодисае рӯй диҳад, ҳамин мардро сахт гиранд. Ирина аз соддадилию хавфу ҳароси беасоси вай хандиду гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё