Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Ин бор агар ояд, туф кун ба рӯяш! Агар нахоҳӣ, рӯирост туф кун, вассалом. Ҷои он, ки вай аз ту тарсад, ту ҳаросида гаштаӣ! Ҳанӯз ҳам соддаи, Занҷир.
«Дуруст мегӯяд Ирина, чаро ба рӯяш туф намекунам?! Барои чӣ метарсам? — аз худ савол мекард Занҷир. — Ҳайронам... Минбаъд чунон мекунам, ки...»
Ба ҳамин минвол, дар дилу дар шуури вай тағийроте чун обҳои баҳорон медамиду андешаю афкори аз кӯдакӣ сахт қолибзадаи ӯро номаълум зеру забар месохт ва аз Занҷир Занҷири дигаре нумӯъ мекард.
- Девонаи Даҳандарида
Имрӯз Кабир даргузар аз цехи тайёрӣ гӯё тасодуфан Занҷирро дида бошад, салом карду баъд наздиктар омад ва ба гӯши вай хам шуда, фарьёдкашон чизе гуфт.
Тарақотуруқи дастгоҳ имкони шунидан надод. Ҷавон ӯро канортар равем гуфт, Занҷир ба аломати инкор сар ҷунбонд. Кабир дастаро кашиду дастгоҳро аз кор боздошт.
— Ба ман нигаред, Занҷир, — вай ба духтар рӯ ба рӯ омад. — Ҳазлу мазоҳро монед. Ба сухани ман ҷавоб диҳед. Ман ба хонаатон хостгор мефиристонам.
Занҷир хавотиромез ба атроф нигарист. Ҳамкоронаш ҳама ба кори худ саргарм буданд. Бо вуҷуди ин, аз изтироб дар вуҷудаш раъша давиду як-ду қадам қафотар рафта, беҳолона бо оринҷаш ба дастгоҳ такья кард.
— Ман як сол боз ба умеди шумо зиндагӣ мекунам...
— Одами хушбахт будаед, ман кайҳо ҳамаи умедҳоямро гӯр кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё