Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

чойро чаппа карда, шикамамро сӯхта будам... Пеши ноф, — гуфт вай андаке асабонӣ, сурху сафед гашта.
— Рӯяш сиёҳ ин Ғиёса... — гуфт Адолат бо алам, дилсӯзона ба Ғаюр нигариста. Сонӣ ба дугонааш Мунира рӯ оварда гуфт: — Дар китобе хонда будам, ки духтарон даставвал бо ҷавонони пасттинат шиносо мегарданду дар охир бо ҷавонмардони шоиста. Кӣ гуфта бошад ҳам, сухани паямбарона гуфтааст.
— Ман дар китоб нахондаам, вале доим мегӯям:
ҳамеша хас дар рӯи об аст, — гуфт Мунира.
Заҳри ин тӯҳмат дар дили Ғаюр кор карду вай хеле муддат ба худ омада натавониста дилгир буд.
Аммо ба Ҳайдару Ғиёс ҳарфе назад. Бе ин ҳам, вақтҳои охир онҳо баҳона кофта гаштаанд, то дили ӯро сиёҳ кунанд. Аҷиб аст, ки Орифӣ дар ин ҷода ба онҳо шарикфикр гаштааст.
Боре Ғаюр дар маҷлиси умумии донишҷӯёни факультет, дар ҳузури ҳама муаллимон ва проректор ба сухан баромада, нуқсонҳои зиёди таълиму таҳсил ва дар мавсими пахтачинӣ рӯй дода, инчунин баъзе бетартибиҳои дар хобгоҳ ба вуқӯъ пайвастаро як ба як гуфта, таъмини чораҷӯӣ талабид. Ба аксари донишҷӯён ин суханони боҷуръатона писанд омад. Ба декан танқиди вай сахт расид. Махсусан, дар назди раҳбарони донишгоҳ сири ин хонаро ба берун баровардани Ғаюр Орифиро оташин кард.

пешина
аз 538
навбатӣ