Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баъди маҷлис Карим-ака Ғаюрро аз роҳ дошта, гуфт, ки Орифиро ба худ кинадор сохта, кори хуб накард.
— Аз олими беинсофу бевиждон гузаротар аҳмақ дар олам нест, Ғаюр, шумо намедонед, — таъкид кард вай. — Меъёри неку бади инсон виждон будаст, агар виждон надорад, чӣ академику чӣ президент якпула одам аст.
— Э, равад, аз дасташ биёяд, ҳамон дипломи имтиёзнокашро надиҳад, — гуфт вай ба нописандӣ дар ҷавоби суханони Карим-ака. Баъд ба худ иқрор кард, ки дурӯғ мегӯяд, аз дипломи имтиёзнок даст кашиданаш чунин осон нест. — Як бор агар диламро холӣ накунам, намешуд. Ҳеҷ илоҷи дигар надоштам, ака. Ба кафидан наздик омадам, — гуфт вай оқибат ба худ омада, ба як навъ оҳанги узромез.
— Гумонат гуфтан катӣ ислоҳ мешавад? Ба худат қасддор мекунию бас. Намебинӣ, чӣ миқдор мегӯянду мегӯянд. Аз котиби комсомоли мо то ба Хрущев — ҳама гап мезананд. Аммо фоидаашро намебинем.
— Тамом карда меравем,— гуфт Ғаюр бепарво даст афшонда. — Як бор диламро холӣ кардам...
Худатон фикр кунед: ба ин тариқ агар ҷасорату шуҷоати моро, ғайрати моро кушта бошанд, фардо аз кори мо ҷамъият баҳрае намегирад. Бюрократу муросоҷӯ кати ҷамъият ҳаргиз пеш намеравад. Ин қабил касон аломати эрозияи ҷамъиятанд, мо бояд аз ин офат халос шавем. Аммо чӣ гуна? Оҳанро занг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор