Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
лаънатӣ маро саргардон кард... Бачагию хаёли хомро нигаред, бовар кардаам, ки ман ҳуқуқшинос мегардаму гунаҳгорро меёбам ва худамро сафед мекунам!..»
Айёми долу зарби тайёрӣ ба имтиҳонот.
Коҳилтарин донишҷӯй ҳам дар ин айём вақти худро барҳадар намегузаронаду агар он илмро дигар дар хотир гирифтан натавонад, дар варақчаҳо мухтасар сабт карда, шпаргалка месозад.
Ҳатто он донишҷӯёне, ки тамоми сол аз устодони сахтгир безор буданду муаллимоне, ки дарсро бо латифабозию саргузаштгӯӣ мегузаронданд, писандашон буд, дар арафаи имтиҳон тағйири афкору ақида мекарданд ва дигар ба суханони пучу вақтхушиҳои беҳуда тоқат надоштанд.
Аммо Орифӣ солҳои охир ба маҷлису машваратҳои гуногун он қадар хӯ гирифта буд, ки дигар ҳавсалаи дарсгӯӣ надошт, агар маҷлисе набошад ҳам, ба баҳонаи машварате ё ташрифи меҳмоне ба дарс намедаромад.
Ба Ғаюр ҳаминаш алам мекард, ки боз маҳз, ҳамин хел муаллимон аз донишҷӯён интизоми оҳанин, ба амри онҳо бечуну чаро итоат карданро талаб мекарданд. Дар асл, онҳо интизом не, балки тобеият ва фармонбардорӣ талаб доштанду бас.
Ҳамаи донишҷӯён медонистанд, ки агар дар мактаб директор дарсгӯиро аз ягон фане ба зиммаи худ бигирад, толибилмон аз он фан бебаҳра хоҳанд монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор