Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Сабаби ин ҳол он буд, ки дар мактаб ҳеҷ кас ҷуръати ба директор эродгирӣ ва ғайрати танқид карданро надорад.
Орифӣ ҳам баъди чор-панҷ соли деканӣ ба ҳамин «дард» гирифтор гашта буд. Вай аксар ҳангом понздаҳ - бист дақиқа таъхир карда ба синф медаромаду боз дар соати дуюм ба Ҳайдар китоберо дода, «Аз фалон саҳифа то фалон саҳифа мехонед, ҳама ором нишаста гӯш кунанд», гӯён баромада мерафт.
Ғаюр соатҳои дарси ӯро умрфарсоӣ мешумурд, аммо дандон ба дандон монда ночор менишаст.
Айёми охир ҳис мекард, ки Орифӣ ба дарсаш нописандии ӯро пай бурдааст. Заҳрхандаш, нигоҳи ғазабнокаш, кинояҳояш ба ин далолат мекарданд.
Боре ба ин тариқ баъди вазифа супурда рафтани ӯ, Ғаюр ҳам аз ҷояш бархосту ба Ҳайдар гуфт:
— Китобро то худам нахонам, намефаҳмам.
Беҳтараш ба қироатхона рафта, ин бобро худам ба диққат мутолиа кунам.
— Рафта аз муаллим иҷозат гиру сонӣ бирав, — гуфт Ҳайдар бо тамасхур.
— Барои чӣ иҷозат гирам? Аздусар дарс намегузаранд. Ман аз қироати дигарон ба дурустӣ намефаҳмам.
— Нагузаранд ҳам, нафаҳмӣ ҳам, мешинӣ, вассалом! Дигарон нишастаанд-ку!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор