Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баҳор аллакай дару тирезаҳои хобгоҳро боз намуда бо нуру ҳарорат, бо насими сабзаю шукуфа, бо чаҳ-чаҳи мурғони гуногун хонаҳоро пур мекард, дилҳоро ба ҷӯш меовард. Аввали рӯз соате борони сахт рехту ҳоло офтоб баҳорона механдид. Аммо абрҳои сиёҳ рӯяшонро турш карда, дар як канори осмон болои кӯҳҳои Варзоб соя андохта буданд.
Ғаюр дар назди тиреза ба оинача нигариста, риш метарошид. Ҳусейн ва Саид дар рӯи кат ғелида китоб мехонданд. Ҳайдар бо магнитофони нав харидагиаш, Ғиёс бо ҷомадонаш андармон.
Ришашро тарошида, дар оина андоми худро бодиққат нигаристани Ғаюрро дида, Ғиёс Ҳайдарро нихта карду оҳиста дар бехи гӯшаш гуфт:
— Нигоҳ кун, нигоҳ кун, шутур нозанин завқ мекунад! Хушрӯ! Ҷудо хушрӯ!
Ҳар ду якбора қоҳ-қоҳ зада хандиданд.
Баъд Ғиёс ба Ғаюр рӯ овард:
— Ҳой, Ғаюр, ришат-ку мӯл, мӯйлабат чу кам?
— Чӣ илоҷ — гуфт Ғаюр маънии қабеҳи суханбозии ӯро пай бурда, — ба боло туф кунам, мӯйлаб, ба поён туф кунам — риши сабил... — вай «Ришу мӯйлаб» лақаб доштани ин ҳардуро дар назар дошт.
— Ту ҳам туф дорӣ магар?.. Дар даҳони ту туф ҳам нест, гӯҳ аст! — Ҳайдар инро гуфту қоҳ-қоҳ зад ва овози магнитофонро якбора баланд кард, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор