Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ман ба дигарон кор надорам. Хоҳанд,
бишинанд. Ман нишаста наметавонам, вақти
бекораам нест.
— Ҳа, шумо олим шудагӣ, вақтатон қимат аст! —
масхараомез заҳрханда кард Ҳайдар.
Ғаюр аз дари синфхона баромаду дарро сахт
пӯшид. Аз қафояш хандиданд.
Аз ин гуфтугузор хеле вақт гузашту, Ғаюр онро
қариб фаромӯш карда буд. Боре, дар охири дарси
Орифӣ доир ба тартиби имтиҳонҳо Ғаюр аз ӯ саволе
пурсид. Орифӣ ба ҷои ҷавоб ба Ғаюр теғ кашида
сахт нигоҳ карду аз синф баромадаравон бо
заҳрханда манаҳашро ҷунбонда-ҷунбонда гуфт:
— Шумо... ҳи-ҳи... ҳама чизро худатон хонда
мефаҳмед... ҳи-ҳи... Ҳамту не?.. А?.. Фаҳмондани
ман зарур набудагист? Ҳи-ҳи-ҳи... Ё барои... ҳи-ҳиҳи... декани факультетро ҳам имтиҳон карданӣ
ҳастед? Деканат бо шумо маслиҳат намекунад.
Ғаюр аз инчунин муомилаи кинаварона
бемантиқи декан ҳайрон монд. Ду-се нафар бачаҳои
рамузфаҳм оҳиста ӯро огоҳ карданд: «Ҳушьёр шав,
авзояш беҷо барин, кинааш ганда мегӯянд...» Аммо
Ғаюр ба ин огоҳии онон эътибор накард. Вай ба худ
амин буд, ки ба ҳар навъ имтиҳонҳоро месупорад ва
аз ин даргоҳи дилфишори кинаварону ошнобозон
дуртар меравад ва ҷаҳд мекунад зудтар онҳоро
фаромӯш кунад.
Ситораи думдори касофатбор, аз афти кор, аз
осмон рафта бошад ҳам, дар сиришти Ғаюр, дар
хулқу хӯи вай сахт ҷой гирифта буд.

пешина
аз 538
навбатӣ