Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Нағз не, ҷӯраҳо. Бо ин коратон, ба вай не, ба номи худ исноди нохуш мебиёред. Агар ба вай ҷазо диҳанд, ҳама моро маломат мекунанд. Панҷ сол дар як гурӯҳ таҳсили илм карда душманӣ, кинадорӣ нишони камолот не...
— Ҳой, ба ин хелҳо ҳеҷ дилат насӯзад, — таъкид кард Ҳайдар. — Дар синни ҳаждаҳ ҳабс шудагӣ одам, одами нағз не, нобакори модарзод аст!
Мегӯянд, ки ҷинояти ин бисьёр аст. Кадом як ҳамдеҳааш ҳикоя кардааст...
— Ман ҳам шунидам — тӯҳмат аст, — гуфт Ҳусейн сухани Ҳайдарро бурида. — Ҳамту, нигаред, Ғаюр ба ин хел корҳо қобил аст магар? Ҳамаи мо фардо муфаттиш мешавем, бояд одамшинос бошем.
Ғаюр ба ин хел ҷиноятҳо қобил не! Агар ғазабаш ҷӯшад, мезанад, мекӯбад, аммо...
— Ба тӯҳмат мондагӣ... ё тасодуф... Кӣ медонад,
— тахмини худро изҳор кард Мирзо. — Агар нағз дида бошаду аз рашк ҳамин тавр карда бошад ҳам, ба ҷавони ҳаждаҳсола бахшидан мумкин аст. Ман дар ҳаждаҳсолагӣ ба як духтар сахт ошиқ шудам, вақте ки волидайнаш ӯро ба ҷавони дигаре фотиҳа карданд, тайёр будам, ки маҳбуби худро дуздида ба ягон тараф барам, ё коре кунам, ки он ҷавон аз вай даст кашад...
— Ба дасташ кору вазифа расад, сонӣ башараи ҳақиқии ин хел одамро тамошо кунед. Солҳои аввал чӣ хел буд, медонед?! Мо кам-кам дамашро паст кардем, набошад, ба сари ҳама чормағз мешикаст,
— гуфт Ҳайдар.

пешина
аз 538
навбатӣ