Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Не, ин одам бе меҳру самимият не, балки дар иҳотаи дурӯғу фиреб, хушомаду тазъиқ калон шудагӣ... Наход, ки ҳамин шахси исту бисташ риёро модараш дӯстдор бошаду навозиш кунад? Не, модарон кӯр нестанд, фарзанди ноадлу ноинсофи худро мешиносанд, аз ҳаёти вай нангашон меояд, аммо тоқат мекунанд. Охир, модари ман агар заррае дар дилам ба каҷию норостӣ, дилсахтӣ монанд чизе бошад, медонад-ку. Ба Лола нотандеҳӣ кардам, зуд шастамро гардонд...»
Баъди танаффуси дуюм Орифӣ ба кабинеташ даромаду аз қафояш Ғаюр ҳам ворид гашт. Ин дафъа иҷозат напурсид. Ҳар ду ҳам ба чашми якдигар нигариста, нури сарди ғазаб ва адовати хомӯшро пай бурданд. Аз дили Ғаюр гузашт: «Агар як-ду сол қабл аз ин ингуна башараи нафратангези ӯро медидам, валлоҳ, ки донишгоҳро тарк мекардам! Нигоҳи одам ин қадар шум мешудааст!..
Ҳеҷ гап не, як-ду моҳ монд.... Бояд тоқат кунам...»
— Хӯш, бародар... — декан дигар ба рӯи вай нанигариста машғули ҷузъбанд ва коғазҳои даруни он сухан сар кард. — Шумо хоҳед, ба дарсҳо иштирок мекунед, нахоҳед, не-ку?! Ба рӯи ҷамъият, ба рӯи сардори гурӯҳ шумо кайҳо туф кардагӣ...
Сухани декан ҳам, барои шумо якпула қурб надорад... Хӯш, чӣ кор кунем?.. А?
Муллоқандов ном муаллими тоссар аз дар даромаду сигареташро кашида дар диван такья зад.
— Ман аз шумо иҷозат пурсидам. Ҷавоб надодед.
Дигар илоҷам набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор