Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Номаъқул кардед!.. Тӯҳматчии бевиҷдон!..
Бас, ман дигар тоқати тӯҳматбофиҳои шуморо надорам!.. Дар байни донишҷӯён чӣ гуна овозаҳои дурӯғи фитнаангез паҳн карда гаштаед, мо медонем!.. Ҳамаро кӯру кар гумон кардед?! Не-е...
Орифӣ яку якбора шӯрида аз курсиаш парида бархосту аррос зада ба чор сӯ оби даҳонашро пош додан гирифт, девонавор ба миз мушт зада, Ғаюрро дар лаҳзаи аввал билкул моту мабҳут сохт. Ӯ гумон бурд, ки декан бо ҳамин усул аз вай аламашро гирифтанӣ, гуфтаниашро гуфтанӣ, бинобар он, хомӯш тоқат кард, Вай баъдтар, дар поёни ин мунозара пай бурд, ки Орифӣ аз ин воқеаи ҳечу пуч ҳодисае ташкил додан мехоҳад ва равшан дид, ки дар чашмони декан асабонияти махсуси устодон не, балки прокурори бераҳмонае барқ мезанад.
— Не, шумо донишгоҳро мазоҳу масхара карданиед! — ба таъкид мизро мушт мезад Орифӣ.
— Бас аст, тоқати мо шикаст! Ин дафъа ба шумо дурусттар чора мебинем... Ё шумо дар ин донишгоҳ монед, ё ин рафиқон! — Орифӣ ба сӯи Муллоқандови аз ин муомала ҳайрон ишора кард.
— Ман ариза менависаму меравам! Тоқати бо шумо дар зери як бом кор карданро надорам, кор ба ҷону корд ба устухон расид...
— Муаллим, росташро гӯед, чӣ мехоҳед аз ман?
Чӣ муддао доред? — Ғаюр аз қаҳру ғазаб даргирифту лаблабу барин сурх гашт ва ба рӯи декан рост нигариста пештар рафт. — Ман ба ҳавлии шумо мошин кати биринҷ бурда дода наметавонам, гӯсфанд ҳам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор