Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
худсарӣ — аз ҷиноятҳои хавфноки шахси мансабдор аст...
— Эҳ-ҳе!..— аз ин сухани Ғаюр ранги ректор андаке канд, аз ғазаб лабонаш пир-пир париданд, вале ба ночор, тамасхуромез нидо баровард: — Акнун ба ман таҳдид мекунед? Бо ҳамин иғвою дасиса маро тарсонданиед?.. Деканро тарсонда шудед?! Равед, ба суд диҳед!.. Ба Маскав равед...
Гум шавед аз назарам, аҳмақ... — ректор бехудона намчинаки сангинро фишурда аз ҷо бархост.
— Ором... Андаке батамкин бошед, домулло. Ин чӣ гап? — Ғаюр ҷаҳд дошт пинакашро вайрон накунад, бинобар он, зоҳиран, бепарво дар курсӣ менишаст. — Ба ректори чунин як донишгоҳи обрӯманд ин хел сабукрафторӣ, дашномдиҳию таҳқири донишҷӯ намезебад. Агар ин суханонатонро дар лентаи магнитофон сабт кунанд... таъсири хеле нохуш мегузорад. Аз ман наранҷед, маро панҷ сол илми ҳуқуқшиносӣ омӯхтанд, ба ходимии адлияи Советӣ тайёр карданд, бинобар он, ҳар гуфтору рафтори аз қоидаи маъмулӣ беруни одамонро мувофиқи моддадои кодекси ҷиноятӣ тавзеҳ мекунам... — гуфт Ғаюр тез-тез. Баъд то ки ба ректор имкони киноя ё пичинг надиҳад, зуд пешдастӣ карда гуфт: — Гуфтору рафтори худро ҳам ба ҳамин меъёр андоза мекунам. Аммо барои чӣ шумо гуноҳи маро ба гарданам дайн накарда, аз рӯи шаҳодати ду-се нафар кинадорон ҳукми қатъӣ баровардед? Се нафари дигар оянду маро одам кушт гӯянд ҳам, бовар мекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор