Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Аммо ректор рӯзи дигар ҳам арзу додхоҳии ӯро ба эътибор нагирифт. Ба ӯ воқеаро чунон маънидод намудаанд, ки пӯстинашро батамом чаппа пӯшида буд. Донишҷӯён байни худ дар беинсофию кинаварӣ Орифиро ва Муллоқандовро муттаҳам мекарданд, аммо норозигии худро аз ин амали тӯҳматомези онон ҳатто ба якдигар аз фошофош гуфтан меҳаросиданд.
Ректор гувоҳии Муллоқандовро шафеъ оварда, ба Ғаюр гуфт:
— Мо ба шумо диплом дода наметавонем.
Ҳимояи ҳуқуқи мардумро ба дасти чунин касон супурдан мумкин не!.. Аз рафтору кирдоратон аён аст, ки шумо ислоҳ нашудаед. Ҳуҷҷати шуморо аслан ба ин факультет набояд қабул мекарданд... — Ректор хомӯш монд. Баъди лаҳзае таваққуф гуфт: — Одамонро мезадаед, дашному таҳқир мекардаед, беҳурматӣ... Дар тасаввур меорам фардо мусибатзадае ҳимоя ҷуста, бо умед ба шумо муроҷиат мекунад... Тақдири як не, чандин касонро шумо ҳал мекунед... Не-е...
— Ба Ҳайдару Ғиёс барин риёкорону косалесон мумкин аст, ба Орифӣ барин беинсофон ҷоиз аст, аммо ба ман мумкин не!.. Дар физика қонуне ҳаст:
қоидаи дасти рост мегӯянд. Корбарии шумо ҳам ба он монанд аст. Шумо илми ҳуқуқшиносиро намедонед, ман аз рӯи моддаҳои 183, 216 шуморо гунаҳгор мекунам: сӯиистеъмол аз мансаб ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор