Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
худдориаш футур рафта буд, агар ба сухан лаб
кушояд, ҳатман алфози сахту дурушт мегуфт.
Дигар чӣ кор карданашро надониста, ҳайрон
буд. Ноумедӣ баъди гуфтугӯ бо ректор дар тӯли якду соат вақт, ӯро он чунон фишурду пажмурда сохт,
ки саҳл монда буд, ба ҷонаш қасд кунад. Хайрияти
кор шуд, ҳамсабақонаш ӯро ҷуста ёфтанд. Ҳоло вай
хаёл мекарду пеши чашм оварданӣ мешуд, ки
имрӯзҳо агар танҳо мебуд, чӣ кор мекард?.. Худаш
танҳо, бе маслиҳатгаре, бе рафиқи дилбардоре, бе
раҳнамое... Ӯро хотираҳои нохуши рӯзҳои рафтааш
— танҳоиҷӯӣ, бепарвоӣ, беалоқагӣ бо дӯстон дар
шиканҷа мегирифт. «Эҳ, афсӯс! — ба пешониаш
зада оҳ мекашид вай, ки ҳоло аксар шабҳо дар
ҳуҷраи Карим-ака хобу хез дошт то дидори Ҳайдару
Ғиёс баринҳоро набинад. — Панҷ сол дар як гурӯҳ
хонда, ин ҷавонони наҷибро ба дурустӣ
нашинохтам, сидқан дӯстию одамгарӣ накардам, ба
ғамашон шарик набудам... Аҳсан, сад аҳсан ба
онҳо... Ҳанӯз ҳам чашмам кӯр будааст. Аслан, ман
садқаи дилсӯзӣ шавам! Сазои ман ҳамин аст.»
Боз дӯстон ғун гашта, маслиҳат карданд,
андешиданд, раҷа кашиданд. Тамоми имконият,
алоқамандӣ ва дигар василаҳои ҳаёти ҷавони худро
ба кор мебурданд, то рафиқи худро аз ин варта
наҷот диҳанд. Аз ҳар сар садое мебаромад. Мирзо
гуфт:
— Ҳеҷ гап не, ғам махӯр. Дина муаллими
фалсафа — Комилов туро пурсид. Фармони
ректорро шунида, ҳайрон монд. Сонӣ таъин кард,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор