Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки ба наздаш равӣ. «Зинҳор, маро надида наравад»,
гуфт. Ана, Карим-ака ҳам буданд.
— Ҳа, воқеан, муаллима Мария Аванесовна расо
зани дилсӯз будаст, бачаҳо. Воқеаи туро шунида,
дарс гузашта натавонист, мушоҳида кардед? Гирья
гулӯгир карду чашмаш лиққӣ об гашт. Гап зада
натавонист, берун рафту, сонӣ андак ба худ омад, —
гуфт Карим-ака.
— Хайр, ҳозир чораи нақди дар пеш истода —
Комилов, — гуфт Мирзо. — Ғаюр ба назди муаллим
Комилов як бор равад, ку, чӣ мегӯяд? Худаш таъин
кард-ку. Шояд ягон роҳ нишон диҳад.
— Чаро мо туро барвақттар огоҳ накардем?! —
афсӯс мехӯрду ба ҷабинаш шаппотӣ мезад Каримака. — Гумонам, ки наздик монд, тамом мекунию
меравӣ. Ҳол он ки хатои туро медидам,
медонистам...
— Хайр, акнун таънаю маломат фоида надорад,
Карим-ака, — гуфт Адолат, — илоҷи воқеаро фикр
кунед. Агар Ғаюр равад, ин фақат мағлубияти вай
не, онҳо ба рӯи ҳамаи мо бо тамасхур менигаранд!
— Ҳозир дигар илоҷи умедбахш надорем, фақат
— Комилов, — гуфт Мирзо зуд ба Адолат ҳамовоз
гашта.— Нотиқи махсус, ба идораҳои боло даробаро дорад.
— Рост, ман чанд бор пай бурдам: вай на гапи
деканро мехӯрад, на нозу нузи дигарашро
мебардорад.
— Ҳа, марди аҷиб аст, ба кори худ машғул, —
гуфт Карим-ака.— Ба факультет меояду агар вақт

пешина
аз 538
навбатӣ