Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳа, — гуфт бепарво Карим-ака. — Додари модарам тағои зода намешавад магар?!
— То ба имрӯз ягон бор нашунидем... Расо одами дарундор будед-дия, — гуфт Мирзо гилаомез. — Ҷияну ҷиянзодаҳои шахсони баландмартаба ҳамин, ки ба факультеты мо дохил шуданд, аз рӯзи аввали таҳсил овоза меравад, ба онҳо дигар хел муомила...
Агар барвақттар мегуфтед, дар сояи шумо мо ҳам камтар такаббур мекардем.
— Таҳи гапро наков, Мирзо, вақту соаташ расад, ҳамаашро мефаҳмӣ, — гуфт Карим-ака асроромез.
Ду тан лӯлизан, яке кӯдак дар бағал аз пиёдароҳ мегузаштанд. Адолат ба кӯдак конфет дароз карду лӯлизандо зуд ӯро иҳота карданд.
— Духтари ширин, як фол бинамат. Ба қарибӣ ба як хурсандӣ мерасӣ, шодмонӣ мекунӣ... Аз бахту толеат гӯям, ё аз тану ҷонат...
— Ба вай не, ба ман фол кушо... — пеш баромад Мунира. — Ба ман фол не, ба як дӯсти наздикам. — Ба сӯи шариконаш рӯ гардонда оҳиста гуфт: — Ку, ба Ғаюр фол кушоям... — Вай боз ба лӯлизан рӯ овард: — Фақат дар ин ҷо не, биё ҳу, ба қафои он бино гузарем... Ягонтааш дида монаду ин духтар ба дину афсун эътимодманд аст гӯён аз комсомол хориҷ накунанд.
Мунира дар иҳотаи лӯлизанон ба қафои бино гузашт.
Аз миён панҷ-шаш дақиқа вақт гузашту Ғаюр аз он сӯи кӯча пайдо шуд ва ҳама бо ҳаёҳу садо бароварданду дастафшонӣ карда, бо ишорат аз ӯ мепурсиданд, ки кораш барор кард ё не. Баъди он

пешина
аз 538
навбатӣ